Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон дубора ба қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён шурӯъ кард

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани фармони Вазорати маорифи ҶТ дар бораи муваққатан қатъ кардани қабули донишҷӯён ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон қарор қабул кард.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи «Ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалӣ»-и донишкада Шокирҷон Ҳакимов иттилоъ дод, пас […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба бекор кардани фармони Вазорати маорифи ҶТ дар бораи муваққатан қатъ кардани қабули донишҷӯён ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон қарор қабул кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири кафедраи «Ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалӣ»-и донишкада Шокирҷон Ҳакимов иттилоъ дод, пас за фармони вазорати маориф мақомоти донишкада ба додгоҳ муроҷиат кардааст ва аз лаҳзаи бекор кардани фармони мазкури вазорат, яъне 30-юми июли соли ҷорӣ ҳамаи мушкилот ҳал гардида, комиссияи қабули донишкада ба таври муқаррарӣ ба фаъолият оғоз кард.



Чанде пештар аз Вазорати маорифи ҶТ хабар дода буданд, ки фаъолияти донишкадаи мазкур ба муқаррароти асноди меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар ҷумҳурӣ мутобиқ нест ва аз ин рӯ, қабули донишҷӯён ба он муваққатан қатъ мегардад.

 





           

Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Баъдтар, соли 2006 он ба Донишгоҳи гуманитарӣ табдили ном кард. Моҳи апрели соли 2007 он Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 ҳазору 700 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Соли гузашта ба донишкада 543 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Арзиши солонаи шартномаи таҳсил дар донишкада ба 500 доллари ИМА баробар аст. Айни замон дар донишкада 7 факулта – информатика, иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент, низомҳои иттилоотӣ ва технология, муносиботи байнулмилалӣ, таъмини лингвистии коммуникатсияҳои байнифарҳангӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ амал мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.