Аъзои иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон раиси худро интихоб карданд

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯи Забиров бори дигар раис интихоб гардид.             Дар ҷаласа масъалаи ҷараёни иҷрои чорабиниҳои «Барномаи беҳбуди фаъолияти соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номзадии раиси Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон – Иззатулло Лаълбеков, раиси […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯи Забиров бори дигар раис интихоб гардид.





           

Дар ҷаласа масъалаи ҷараёни иҷрои чорабиниҳои «Барномаи беҳбуди фаъолияти соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Номзадии раиси Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон – Иззатулло Лаълбеков, раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон Зайд Саидов ва раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрӯй Забиров ба узвияти Шӯрои ҳамоҳангсоз дар Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар назди президенти Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.




           

Ҳамчунин дар ҷаласа Муқаррароти Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодия қабул гардида, Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳои тиҷоратии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар ҳайати 11 нафар аъзои Дафтари шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.