ВАО-и Тоҷикистон аз ҳукумат дастгирӣ мехоҳанд

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон аз ҳукумат дархост карданд, ки дар шароити бӯҳрони молӣ «ҳокимияти чаҳорум»-ро дастгирӣ созад.





           

Дар изҳороти муштарак, ки зери он 40 роҳбари ВАО, рӯзноманигорон ва коршиносони бахши медиа имзо гузоштанд, гуфта мешавад, «васоити ахбори умумии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи ҷумҳурӣ бар асари таъсири манфии бӯҳрони сартосарии молӣ имрӯз ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуданд».




           

Рӯзноманигорони тоҷик бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили ВАО-и чопӣ, шабакаҳои телевизиону радио, таъкид месозанд, ки беш аз 90 дарсади ВАО дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молӣ ба мушкилот мувоҷеҳ гардида, ҳаҷми даромадашон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. «Пеш аз ҳама, сухан дар бораи ба андозаи 30-40 дарсад кам шудани шумораи нашри рӯзномаҳо меравад, ки чунин ҳолат дар натиҷаи кам шудани талабот, афзоиши ҳаҷми пардохти хизматрасонӣ ва хароҷоти мавод, то 70 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми реклом ва эълонҳои бозаргонӣ дар ВАО-и электронӣ ба вуҷуд омад», – баён мегардад дар изҳорот.




           

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои ВАО имтиёзҳои андозӣ амал карда, баҳри таъмини онҳо бо коғаз ва пардохти хизматрасонии табъу нашрӣ кӯмакпулиҳо ҷудо карда мешавад. «Масалан, дар Қазоқистон ҳаҷми бурсҳои ҳукуматии ҷудошуда ба ВАО ва маблағгузорӣ ба он афзудааст», – асоснок мекунанд дархости худро намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ ва меафзоянд, ки ВАО-и миллии Тоҷикистон феълан дар вазъияти душвор қарор дошта, чанде аз онҳо дар остонаи муфлисшавианд.




           

ВАО-и кишвар бар чунин назаранд, ки ҳукуматро зарур аст, ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир созад, вагарна фаъолияти аксари ВАО қатъ гардида, он ба амнияти иттилоотӣ ва имиҷи кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт.




           

Бо назардошти ваҷҳхои дар боло зикршуда ва имконоти мавҷудаи ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзноманигорон ба ниҳодҳои молиявии давлатии ватанӣ пешниҳод месозанд, ки барои ҳар як ВАО-и дар барномаи зиддибӯҳронӣ иштирокдошта суратҳисоби қарзии бефоиз боз намояд ё барномаи пешниҳоди бурсҳо барои ВАО-ро роҳандозӣ созад.

 

Онҳо ҳамчунин пешниҳод месозанд, ки ба мӯҳлати панҷ сол барои ВАО дар масъалаи пардохти андоз аз арзиши изофа ва андоз аз даромад моратория ҷорӣ сохта, ба таъсиси Шабакаи миллии паҳн кардани маҳсулоти чопӣ тавассути беҳсозии фаъолияти почтаи давлатӣ ва бекор кардани маҳдудият барои ба роҳ мондани фаъолияти киоскҳои рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ бо шумули шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.




           

Намояндагони ВАО-и Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод мекунанд, ки бо мақсади озодсозии (либералӣ кардани) фаъолияти соҳаи телевизион тавассути бекор кардани меъёри иҷозатномадиҳӣ ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, ки дар Паёми президент ба Маҷлиси миллӣ аз 15-уми апрели соли 2009 баён шудааст, ба қонунгузории амалкунанда тағйирот ворид карда шавад. «Чорабиниҳои зикргардида хароҷоти зиёди всоитаҳои буҷавиро тақозо намекунанд, вале қодиранд, ки дар шароити бӯҳрон мушкилоти мавҷудаи ВАО-ро ҳал созанд», – омдааст дар изҳороти муштарак.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?