Дар Қайроққум барои намояндагони хадамоти мутааллиқ ба ҳифзи марзи Тоҷикистону Қирғизистон семинар доир гардид

            Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Қайроққум барои 19 намояндаи хадамоти марзбонӣ, гумрук, фитосанитарӣ, санитариву эпидемиологӣ ва байторӣ оид ба мавзӯи идораи комплексии марзҳо семинар доир гардид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, барномаи семинар муаррифии истифодаи амалии идораи комплексии марзҳо ва ҳамчунин омӯзиши […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Қайроққум барои 19 намояндаи хадамоти марзбонӣ, гумрук, фитосанитарӣ, санитариву эпидемиологӣ ва байторӣ оид ба мавзӯи идораи комплексии марзҳо семинар доир гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, барномаи семинар муаррифии истифодаи амалии идораи комплексии марзҳо ва ҳамчунин омӯзиши таҷрибаи амалӣ бо боздид аз посгоҳи назоратии «Гулистон»-ро дар бар гирифт. «Семинар дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи мусоидат ба идораи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо дастгирии намояндагони Маркази байнулмилалии рушди сиёсати муҳоҷират созмон дода шуда, машғулиятҳо аз ҷониби коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва тренерони маҳаллӣ гузаронида шуданд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории семинар намояндагони хадамоти мутааллиқ ба ҳифзи марзҳо аз посгоҳи назоратии «Гулистон» боздид намуда, тренерони байнулмилалӣ амалан оид ба тарзи истифодаи таҷҳизоти муайян кардани ҳақиқӣ будани шиносномаву ҳуҷҷатҳо, назорат ва санҷиши борҳои нақлиёт маълумоти муфассал дода, зарурати роҳандозии ҳамкории мутақобида миёни хадамотро таъкид сохтанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.