Бо дастгирии Дафтари САҲА дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиддинашъамандӣ доир мегарданд

            Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо дастгирии Дафтари САҲА дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон чорабиниҳои зиддинашъамандӣ гузарнида мешаванд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи муомилоти қонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандии агентии мазкур Алишер Ташрифов иттилоъ дод, баргузории чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ 6-уми […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо дастгирии Дафтари САҲА дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон чорабиниҳои зиддинашъамандӣ гузарнида мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи муомилоти қонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандии агентии мазкур Алишер Ташрифов иттилоъ дод, баргузории чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ 6-уми август аз ноҳияи Истаравшан оғоз гардида, сипас дар ноҳияҳои минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон идома меёбанд ва ахири моҳи август дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба анҷом мерасанд. «Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур – коҳиши миқёси паҳншавии маводи мухаддир ва мизони ҷинояткории ба он марбута тавассути таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ба ин кор сафарбар намудани аҳолӣ мебошад», – гуфт ӯ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳо оид ба оқибатҳои фоҷеабори ба нашъамандӣ гирифтор шудан ва даст ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир задан маълумоти муафассал дода хоҳад шуд, ки он ба коҳиши нашъамандӣ ва ҷиноёт мусоидат хоҳад кард. «Ба ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, АНМН, мақомоту идораҳои дахлдор, намояндагони маҳфилҳои эҷодӣ ва аҳли ҷомеа шомиланд», – афзуд Ташрифов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.