Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи кишвар бародарони роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов, ки рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар задухӯрди мусаллаҳона ба қатл расида буд, боздошт шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни бозпурсӣ Раҳмиддин Азизови 37-сола ва Зайдулло Азизови 32-сола макони ҷойгиршавии се махфигоҳро дар мавзеҳои Гул ва Гирдоби ноҳияи Тавилдара бо захираи зиёди аслиҳа нишон доданд. «Аз махфигоҳ автомати Калашников, сарулибоси ба Н.Азизов тааллуқдошта, норинҷакафкан, 9 тирдон бо 270 дона тири андозаи 5,45 мм, 580 дона тири андозаи 5,45 мм, 176 дона тири андозаи 7,62 мм, пулемёт бо ҳудуди 500 дона тир, 2 борхалта ва ғайра дарёфт шуданд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. «Бародарон Азизовҳо ба созмон додани гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа гумонбар дониста мешаванд», – афзуд сарчашма.
