Велосипедронони шведу фаронсавӣ баҳри кӯмак ба ҷавонони тоҷик ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои фоидаовар 16 ҳазор км масофаро тай мекунанд

            Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ду шаҳрванди аврупоӣ аз шаҳри Осло то Пекин масофаи баробар бо 16 ҳазор километрро бо велосипед тай мекунанд, то ки ба ҷавонони Тоҷикистон баҳри татбиқи лоиҳаҳои фоидаи устувордошта кӯмак намоянд. Шаҳрвандони Шветсияву Фаронса – Рикард Салевик ва Жан Фредерик баҳри амалисозии лоиҳаҳо оид ба ташкили давраҳои омӯзишии касби […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ду шаҳрванди аврупоӣ аз шаҳри Осло то Пекин масофаи баробар бо 16 ҳазор километрро бо велосипед тай мекунанд, то ки ба ҷавонони Тоҷикистон баҳри татбиқи лоиҳаҳои фоидаи устувордошта кӯмак намоянд. Шаҳрвандони Шветсияву Фаронса – Рикард Салевик ва Жан Фредерик баҳри амалисозии лоиҳаҳо оид ба ташкили давраҳои омӯзишии касби дӯзандагӣ ва қаннодӣ барои занон аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Ваҳдат ва рушди занбӯриасалпарварӣ дар ҷамоати Сохчарви ВМКБ ёрӣ хоҳанд расонд. Лоиҳаҳо тавассути Фонди «Авруосиёи Осиёи Марказӣ» (ФЕСА) маблағгузорӣ карда мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз фонди мазкур иттилоъ доданд, велосипедронон баҳри амалисозии лоиҳаҳо аллакай 17 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъоварӣ кардаанд. «Дар ҷамъоварии маблағи мазкур саҳми ширкати фаронсавии «La fibre textile» назаррас буда, ба он ҳамчунин маблағҳои сарпарастони дигари велосипедронон ва маблағи хайрияи шаҳрвандони кишварҳои мавриди убур қароргирифта низ дохил мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, велосипедронон моҳи март аз шаҳри Осло ба сафар баромада, қаламрави кишварҳои аврупоӣ, Туркия, Арманистон, Эрон ва Туркманистонро убур намудаанд ва айни замон дар Ӯзбакистон қарор дошта, рӯзи 8-уми август ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд. «Рӯзи 10-уми август онҳо ба Душанбе омада, сипас ба ноҳияҳои Ваҳдату Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор мегарданд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.