Боздошти бародарони Неъмат Азизов

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи кишвар бародарони роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов, ки рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар задухӯрди мусаллаҳона ба қатл расида буд, боздошт шуданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни бозпурсӣ Раҳмиддин Азизови 37-сола ва Зайдулло Азизови 32-сола макони […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи кишвар бародарони роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша Неъмат Азизов, ки рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар задухӯрди мусаллаҳона ба қатл расида буд, боздошт шуданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни бозпурсӣ Раҳмиддин Азизови 37-сола ва Зайдулло Азизови 32-сола макони ҷойгиршавии се махфигоҳро дар мавзеҳои Гул ва Гирдоби ноҳияи Тавилдара бо захираи зиёди аслиҳа нишон доданд. «Аз махфигоҳ автомати Калашников, сарулибоси ба Н.Азизов тааллуқдошта, норинҷакафкан, 9 тирдон бо 270 дона тири андозаи 5,45 мм, 580 дона тири андозаи 5,45 мм, 176 дона тири андозаи 7,62 мм, пулемёт бо ҳудуди 500 дона тир, 2 борхалта ва ғайра дарёфт шуданд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. «Бародарон Азизовҳо ба созмон додани гурӯҳи муташаккили мусаллаҳ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа гумонбар дониста мешаванд», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.