Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддар нобуд карда шуд

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | 1 тонна 127 кг навъи мухталифи маводи мухаддар, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон мусодира шуд,рӯзи ҷумъа,8 апрел дар шаҳри Душанбе нобуд карда шуд.

Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, дар оташдонҳои махсус наздики 825 кг маводи мухаддари гурӯҳи каннабис, 286 кг ҳероин ва 20 кг афюн сӯзонда нобуд карда шуданд. «Маводи мухаддари сӯзонда шуда дар ин ё он парвандаи ҷиноӣ, ки ҳалномаи судиашон ба ҳукми қонун даромадааст ба унвони далел баромад мекарданд»- хабар доданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Маводи мухаддари зикр гардида дар 122 парвандаи ҷиноӣ нисбати 168 нафар далели шаръи махсуб мегаштанд. Аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон буда 6 тан аз онҳо хориҷиянд.

Қонунвайронкунандагон асосан тибқи бандҳои 200(гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар ё маводи психотропӣ ба мақсади фурӯш) ва 201 (муносибати ғайриқонунӣ бо маводи мухаддар ё психотропӣ) – и кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд.

Соли гузашта аз ҷониби тамоми мақомоти қудрати ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон  аз гардиши ғайриқонунӣ наздики 4 тонна маводи мухаддар мусодира карда шуд.  Аз ин миқдор 60 % ё 2 тона 215 кг маводи мухаддар, ки 452 кг- и онро ҳероин, 287 кг афюн ва 1 тонна 475 кг каннабис ташкил медод, аз ҷониби ВКД мусодира шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.