Гул Шералӣ: Марҳилаи аввали НБО Роғун пас аз 2,5 сол ба истифода дода мешавад

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Мӯҳлати бастани маҷрои рӯди Вахш барои сохтани сарбанди Роғун пас аз пурра барқарор намудани нақбҳои обпарто муайян хоҳад шуд. Дар ин бора вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рузи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. «Бастани маҷрои дарёи Вахш мушкиле надорад, фақат он, ки яке аз ду нақби […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Мӯҳлати бастани маҷрои рӯди Вахш барои сохтани сарбанди Роғун пас аз пурра барқарор намудани нақбҳои обпарто муайян хоҳад шуд. Дар ин бора вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рузи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

«Бастани маҷрои дарёи Вахш мушкиле надорад, фақат он, ки яке аз ду нақби обпарто пурра барқарор нашудааст», – афзуд вазир.

Ба гуфтаи ӯ, нақбҳои мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ сохта шуда аввалҳои соли 90-уми асри гузашта бар иллати обхезиҳо хароб шуданд.

«Корҳои барқарорсозӣ дар нақби аввали обпарто анҷом ёфтанд. Феълан 6 ҳазор нафар дар барқарорсозии нақби дуввум кор мекунанд. Пас аз ин мӯҳлати дақиқи баста шудани маҷрои дарёи Вахш муайян карда мешавад», – изҳор дошт вазир.

Ба таъкиди вазир нахустин агрегати НБО Роғун пас аз 2,5 сол ба истифода дода мешавад, «новобаста аз он, ки баъзе давлатҳои ҳамсоя дар сохтмони он монеа эҷод мекунанд».

«Агар мо ба тамоми иддаои ҳамсояҳо гӯш дода сохтмони Роғунро ба анҷом нарасонем дар оянда вазъи таъмини барқ дар кишварамон дучанд вазнин мегардад, -андеша дорад ӯ. – Таъмини мӯътадили ҷумҳурӣ бо барқ танҳо пас аз мавриди истифодабарӣ қарор додани НБО Сангтӯда 2 ва марҳилаи аввали НБО Роғун муяссар мегардад. То ин замон мо аз бӯҳрони энергетикӣ баромада наметавонем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.