Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддар нобуд карда шуд

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | 1 тонна 127 кг навъи мухталифи маводи мухаддар, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон мусодира шуд,рӯзи ҷумъа,8 апрел дар шаҳри Душанбе нобуд карда шуд. Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, дар оташдонҳои махсус наздики 825 кг маводи мухаддари гурӯҳи каннабис, 286 кг ҳероин ва 20 кг афюн сӯзонда нобуд […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | 1 тонна 127 кг навъи мухталифи маводи мухаддар, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон мусодира шуд,рӯзи ҷумъа,8 апрел дар шаҳри Душанбе нобуд карда шуд.

Тавре ба «АП» дар ВКД хабар доданд, дар оташдонҳои махсус наздики 825 кг маводи мухаддари гурӯҳи каннабис, 286 кг ҳероин ва 20 кг афюн сӯзонда нобуд карда шуданд. «Маводи мухаддари сӯзонда шуда дар ин ё он парвандаи ҷиноӣ, ки ҳалномаи судиашон ба ҳукми қонун даромадааст ба унвони далел баромад мекарданд»- хабар доданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Маводи мухаддари зикр гардида дар 122 парвандаи ҷиноӣ нисбати 168 нафар далели шаръи махсуб мегаштанд. Аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон буда 6 тан аз онҳо хориҷиянд.

Қонунвайронкунандагон асосан тибқи бандҳои 200(гардиши ғайриқонунии маводи мухаддар ё маводи психотропӣ ба мақсади фурӯш) ва 201 (муносибати ғайриқонунӣ бо маводи мухаддар ё психотропӣ) – и кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд.

Соли гузашта аз ҷониби тамоми мақомоти қудрати ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон  аз гардиши ғайриқонунӣ наздики 4 тонна маводи мухаддар мусодира карда шуд.  Аз ин миқдор 60 % ё 2 тона 215 кг маводи мухаддар, ки 452 кг- и онро ҳероин, 287 кг афюн ва 1 тонна 475 кг каннабис ташкил медод, аз ҷониби ВКД мусодира шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.