Гул Шералӣ: Марҳилаи аввали НБО Роғун пас аз 2,5 сол ба истифода дода мешавад

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Мӯҳлати бастани маҷрои рӯди Вахш барои сохтани сарбанди Роғун пас аз пурра барқарор намудани нақбҳои обпарто муайян хоҳад шуд. Дар ин бора вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рузи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

«Бастани маҷрои дарёи Вахш мушкиле надорад, фақат он, ки яке аз ду нақби обпарто пурра барқарор нашудааст», – афзуд вазир.

Ба гуфтаи ӯ, нақбҳои мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ сохта шуда аввалҳои соли 90-уми асри гузашта бар иллати обхезиҳо хароб шуданд.

«Корҳои барқарорсозӣ дар нақби аввали обпарто анҷом ёфтанд. Феълан 6 ҳазор нафар дар барқарорсозии нақби дуввум кор мекунанд. Пас аз ин мӯҳлати дақиқи баста шудани маҷрои дарёи Вахш муайян карда мешавад», – изҳор дошт вазир.

Ба таъкиди вазир нахустин агрегати НБО Роғун пас аз 2,5 сол ба истифода дода мешавад, «новобаста аз он, ки баъзе давлатҳои ҳамсоя дар сохтмони он монеа эҷод мекунанд».

«Агар мо ба тамоми иддаои ҳамсояҳо гӯш дода сохтмони Роғунро ба анҷом нарасонем дар оянда вазъи таъмини барқ дар кишварамон дучанд вазнин мегардад, -андеша дорад ӯ. – Таъмини мӯътадили ҷумҳурӣ бо барқ танҳо пас аз мавриди истифодабарӣ қарор додани НБО Сангтӯда 2 ва марҳилаи аввали НБО Роғун муяссар мегардад. То ин замон мо аз бӯҳрони энергетикӣ баромада наметавонем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.