Дар рӯди Вахш зиёдшавии маҷрои об мушоҳида мешавад

Аваз Юлдошев

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Сатҳи об дар обанбори Норак имрӯз ба 856метру 86 сантиметр расид, ки ҳамоно аз нишондиҳандаи камтарин – 857 метр, кам аст. Аммо тавре сухангӯи ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «АП» хабар дод, маҷрои оби дарёи Вахш афзудааст ва имрӯз 339 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод. Ин нишондод дар ҳамин вақти соли сипаригашта ба 681 метри мукааб дар як сония баробар буд.

Ба иддаои сухангӯи ширкат дар чунин вазъ дар барои бекор кардани лимити интиқоли барқ  дар кишвар сухан кардан барвақт аст.

 Ӯ боз ҳам ба боду ҳавои номусоид ишора карда афзуд «Ахиран дар Душанбе ҳарорати максималии ҳаво 23 дараҷа ва дар вилояти Рашт, ки дарёи Вахш аз он ҷо маншаъ мегирад рӯзона 11 дараҷаву шабона 4 дараҷа хунук буд». Ёдгорӣ ҳамзамон афзуд, ки дар шароити гармшавии ҳарорати ҳаво ва об шудани барф дар болооби рӯди Вахш, оби он то ба Норак дар муддати чор панҷ рӯз мерасад.

Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон ва мутахассисони соҳаи энергетика  вазъи интиқоли барқ дар кишвар авохири моҳи апрел беҳбуд меёбад, мегӯяд  Ёдгорӣ. Дар ҳоли ҳозир  дар пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти барқ аз соати 23 то 5 субҳ амал мекунад. Дигар манотиқи кишвар дар як шабонарӯз  2 соат бо «барқ» таъмин карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.