Дар рӯди Вахш зиёдшавии маҷрои об мушоҳида мешавад

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Сатҳи об дар обанбори Норак имрӯз ба 856метру 86 сантиметр расид, ки ҳамоно аз нишондиҳандаи камтарин – 857 метр, кам аст. Аммо тавре сухангӯи ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «АП» хабар дод, маҷрои оби дарёи Вахш афзудааст ва имрӯз 339 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод. […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Сатҳи об дар обанбори Норак имрӯз ба 856метру 86 сантиметр расид, ки ҳамоно аз нишондиҳандаи камтарин – 857 метр, кам аст. Аммо тавре сухангӯи ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «АП» хабар дод, маҷрои оби дарёи Вахш афзудааст ва имрӯз 339 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод. Ин нишондод дар ҳамин вақти соли сипаригашта ба 681 метри мукааб дар як сония баробар буд.

Ба иддаои сухангӯи ширкат дар чунин вазъ дар барои бекор кардани лимити интиқоли барқ  дар кишвар сухан кардан барвақт аст.

 Ӯ боз ҳам ба боду ҳавои номусоид ишора карда афзуд «Ахиран дар Душанбе ҳарорати максималии ҳаво 23 дараҷа ва дар вилояти Рашт, ки дарёи Вахш аз он ҷо маншаъ мегирад рӯзона 11 дараҷаву шабона 4 дараҷа хунук буд». Ёдгорӣ ҳамзамон афзуд, ки дар шароити гармшавии ҳарорати ҳаво ва об шудани барф дар болооби рӯди Вахш, оби он то ба Норак дар муддати чор панҷ рӯз мерасад.

Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон ва мутахассисони соҳаи энергетика  вазъи интиқоли барқ дар кишвар авохири моҳи апрел беҳбуд меёбад, мегӯяд  Ёдгорӣ. Дар ҳоли ҳозир  дар пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти барқ аз соати 23 то 5 субҳ амал мекунад. Дигар манотиқи кишвар дар як шабонарӯз  2 соат бо «барқ» таъмин карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.