Сокини вилояти Суғд дар марзи Тоҷикистон – Узбекистон кушта шуд

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Ба ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Узбекистон сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кушта шуд. Тавре ба «АП» дар хадамоти марзии кишвар хабар доданд, шаби 9 апрел номбурда аз ноҳияи Хавасти вилояти Сирдарёи Узбекистон ба хона боз мегашт ва ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба тирпаронии ҳушдори марзбонони узбек […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Ба ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Узбекистон сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кушта шуд.

Тавре ба «АП» дар хадамоти марзии кишвар хабар доданд, шаби 9 апрел номбурда аз ноҳияи Хавасти вилояти Сирдарёи Узбекистон ба хона боз мегашт ва ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба тирпаронии ҳушдори марзбонони узбек аҳамият надода роҳашро давом дод. Дар натиҷа ӯ ҳадафи тир қарор гирифта дар ҷои ҳодиса ҷонашро аз даст дод.

«Маълумоти дақиқи воқеа ба мо ҳанӯз маълум нест», афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Узбекистон соли 2000 ум реҷаи яктарафаи раводидиро бо Тоҷикистон ба роҳ монд. Мувофиқи он сокинони навоҳеи наздимарзӣ ҳуқуқ доранд танҳо ба мӯҳлати на беш аз се шабонарӯз ба аёдати наздиконашон раванд. Вуҷуд доштани монеаҳои зиёд ҳангоми гузаштани нуқтаҳои марзӣ аз ҳар ду ҷониб сокинони навохеи наздимарзии Тоҷикистон ва Узбекистонро водор мекунад то ҳар чи бештар аз роҳи убури ғайриқонунии марз истифода баранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.