Дар Тоҷикистон масъалаи таъсиси пулис баррасӣ мешавад

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон масъалаи таъсиси пулис баррасӣ мешавад. «Дар ҳоли ҳозир супориши таҳияи қонуни нав «дар бораи пулис» – ро додам ва умедворам дар он аз тамоми таҷрибаи мусбии сохтори мазкур истифода бурда мешавад», – ин нуқтаро вазири умури дохилаи ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров рӯзи ҷумъа, 8 апрел зимни маросими имзои […]

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон масъалаи таъсиси пулис баррасӣ мешавад. «Дар ҳоли ҳозир супориши таҳияи қонуни нав «дар бораи пулис» – ро додам ва умедворам дар он аз тамоми таҷрибаи мусбии сохтори мазкур истифода бурда мешавад», – ин нуқтаро вазири умури дохилаи ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров рӯзи ҷумъа, 8 апрел зимни маросими имзои ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва САҲА марбут ба ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи вазир қонуни мазкур бояд қадами нахустин дар роҳи таъсиси базаи мустаҳками қонунӣ барои фаъолияти милисаи Тоҷикистон шавад, будуни ин дар хусуси ислоҳот сухан гуфтан дуруст нест. «Ҳукумати мо ба масоили пурзӯрнамоии раванди демократикунонӣ, ҷомиаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқҳои инсон ва озодии ӯ диққати зиёд медиҳад. Маҳз барои ҳамин мо муколама дар масоили рушд ва ислоҳоти низоми милиса оғоз кардем. Мо тамоми талошҳои САҲА ва дигар кишварҳоро дар ин масъала дастгирӣ мекунем», – афзуд Қаҳҳоров.

Вазир инчунин таъкид кард, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти милиса тағйири ном кардани он ба пулис басанда нест. «Як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ташкилотӣ, ҳуқуқӣ ва молӣ бояд гузаронда шаванд. Ин корро бидуни кӯмаки ҷомиаи ҷаҳонӣ ва коршиносони байналхалқӣ ба роҳ мондан мушкил аст», – иброз дошт вазир.

Раҳбарияти хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон умед бар он доранд, ки ислоҳоти мазкур пояи хубе барои таъсиси модели нави пулиси кишвар, ки « ба таъмини амнияти фард, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он равона карда шуданд» хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.