Дар Тоҷикистон масъалаи таъсиси пулис баррасӣ мешавад

Наргис Ҳамрабаева

Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон масъалаи таъсиси пулис баррасӣ мешавад. «Дар ҳоли ҳозир супориши таҳияи қонуни нав «дар бораи пулис» – ро додам ва умедворам дар он аз тамоми таҷрибаи мусбии сохтори мазкур истифода бурда мешавад», – ин нуқтаро вазири умури дохилаи ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров рӯзи ҷумъа, 8 апрел зимни маросими имзои ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва САҲА марбут ба ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи вазир қонуни мазкур бояд қадами нахустин дар роҳи таъсиси базаи мустаҳками қонунӣ барои фаъолияти милисаи Тоҷикистон шавад, будуни ин дар хусуси ислоҳот сухан гуфтан дуруст нест. «Ҳукумати мо ба масоили пурзӯрнамоии раванди демократикунонӣ, ҷомиаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқҳои инсон ва озодии ӯ диққати зиёд медиҳад. Маҳз барои ҳамин мо муколама дар масоили рушд ва ислоҳоти низоми милиса оғоз кардем. Мо тамоми талошҳои САҲА ва дигар кишварҳоро дар ин масъала дастгирӣ мекунем», – афзуд Қаҳҳоров.

Вазир инчунин таъкид кард, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти милиса тағйири ном кардани он ба пулис басанда нест. «Як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ташкилотӣ, ҳуқуқӣ ва молӣ бояд гузаронда шаванд. Ин корро бидуни кӯмаки ҷомиаи ҷаҳонӣ ва коршиносони байналхалқӣ ба роҳ мондан мушкил аст», – иброз дошт вазир.

Раҳбарияти хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон умед бар он доранд, ки ислоҳоти мазкур пояи хубе барои таъсиси модели нави пулиси кишвар, ки « ба таъмини амнияти фард, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он равона карда шуданд» хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.