Кӯмаки ИМА ба Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар бунёди Маркази хизматрасонӣ

Asia-Plus

Душанбе. 8-уми август «Азия-Плюс» — | Дар маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумрукии Тоҷикистон Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сара Пенҳюн ва Муовини аввали роҳбари Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Неъмат Раҳматов ширкат намуданд.   Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, нормафзори Маркази хизматрасонӣ бо кӯмаки […]

Душанбе. 8-уми август «Азия-Плюс» — | Дар маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумрукии Тоҷикистон Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сара Пенҳюн ва Муовини аввали роҳбари Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Неъмат Раҳматов ширкат намуданд.  

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, нормафзори Маркази хизматрасонӣ бо кӯмаки Лоиҳаи минтақавӣ оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ  (USAID RTLC) таҳия гаштааст. Маркази хизматрасонӣ барои Системаи иттилоотии автоматикунонидаи ягона аҳамияти ёрирасон дорад, ки ба сарфаи  вақту хароҷоти соҳибкорон ва кормандони гумрук мусоидат  хоҳад кард.

Ҳангоми суханронияш хонум Пенҳюн чунон иброз дошт: «Истифодаи самараноки низоми автоматигардонидаи гумрукӣ рағбату ҳавасмандиро ба тиҷорат зиёд карда, рушди иқтисоди ва ғанигардонии буҷаро аз ҳисоби андоз таъмин менамояд, инчунин ба коҳиши сатҳи фасод мусоидат мекунад .»

Ҷаноби Гунтис Штамерс, коршинос аз Лоиҳаи USAID RTLC оид ба  технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи гумрук иброз дошт, ки: «Маркази хизматарсонӣ ҳамчун нуқтаи дастрасии иттилоотӣ барои истифодабарандагони системаи зерин ҳангоми рух додани мушкилӣ хизмат хоҳад кард.  Нормафзори дар чорчубаи Маркази хизматрасонӣ таҳия гашта фаъолияти пайваста, босуръат ва самараноки онро таъмин мекунад.» 

Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ яке аз барномаҳои зиёди ба рушди кишвар нигаронида шудаест, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардида, тавассути USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико тавассути Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.