Ифтитоҳи чойхона дар ноҳияи Балҷувон ба иштироки сарвари давлат

Asia-Plus

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Сафари сарвари давлат ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, нимаи дуюми дирўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.  Дар ин ноҳияи зебоманзари кўҳистони тоҷик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  нахуст дар маросими мавриди истифода қарор додани  бинои […]

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Сафари сарвари давлат ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, нимаи дуюми дирўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.

 Дар ин ноҳияи зебоманзари кўҳистони тоҷик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  нахуст дар маросими мавриди истифода қарор додани  бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо тамоми шароити зарурӣ бунёд ёфтааст иштирок кард.

 Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Саталмуш бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як чойхонаи зебои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Тавре зикр гардид, чойхонаи мазкур аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и мамлакат барои сокинону меҳмонони Балҷувони дорои таърихи бостонӣ ва табиати биҳиштосо бунёд ёфтааст.

 Дар саҳни чойхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва  фаъолон инчунин намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Балҷувон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

 Зимни суханронии Сарвари давлат ва пурсишу посухҳо барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои ноҳияи Балҷувон ва ободонии минбаъдаи ин минтақаи истироҳату туризм супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Дастур дода шуд, ки рафти татбиқи се барномаи давлатӣ, ки барои рушди ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла барои барпо намудани инфрасохтори истироҳату сайёҳӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир қабул шудаанд, мавриди омўзиш қарор гирифта, нисбат ба сохторҳо ва нафароне, ки вазифаҳои худро иҷро накардаанд, хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?