HRW: Маҳбусони собиқи Гуантанамо ҳам ба афв ҳуқуқ доранд

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ маҳбусони Гуантанамо аз Тоҷикистон ҳам ба афв ҳуқуқ доранд, – гуфта мешавад дар нома-изҳороти созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Хюман Райтс Вотч (Human Rights Watch) ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар нома дар бораи 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Рӯҳниддин Шарофов ва Абдумуқит Воҳидов сухан меравад. Бино […]

Шамсиддин Ризоев

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Собиқ маҳбусони Гуантанамо аз Тоҷикистон ҳам ба афв ҳуқуқ доранд, – гуфта мешавад дар нома-изҳороти созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Хюман Райтс Вотч (Human Rights Watch) ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар нома дар бораи 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Рӯҳниддин Шарофов ва Абдумуқит Воҳидов сухан меравад. Бино ба маълумоти Human Rights Watch, Шарофов ва Воҳидов дар мурофиаҳои маъмурӣ дар Гуантанамо  гуфтаанд, ки онҳоро тариқи зӯрӣ ба Афғонистон бурдаанд ва сипас онҳо ба ватан баргашта натавонистаанд, зеро барои ин ҳуҷҷати зарурӣ надоштаанд. Баъди чанде, соли 2011 онҳо аз ҷониби қумондонҳои саҳрои Афғонистон ба агентҳои амрикоӣ фурӯхта шудаанд.

Чуноне ки дар нома зикр мегардад, пас аз бозгашт ба ватан онҳоро ба 17 соли зиндон маҳкум карданд, ки 4 соли онро онҳо аллакай паси сар кардаанд. Human Rights Watch бар асоси таҳлили парвандаҳои ҷиноии Шарофов ва Воҳидов чунин мешуморад, ки ба онҳо ҳуқуқҳои эътирофшудаи мурофиавӣ таъмин нагардидааст.

«На ҳукуматдлрони ИМА ва на айбдоркунандаи давлатӣ дар Тоҷикистон мустақиман даст доштани Шарофов ва Воҳидов ба содир намудани амали террористӣ ва зӯровариро пешниҳод карда натавонистанд», – омадааст дар нома.

«Умедворем, ки қонуни мавриди таҳия қароргирифта дар бораи афв собиқ зиндониёни Гуантанаморо низ ба эътибор хоҳад гирифт ва асноди парвандаҳои ҷиноии онҳо мавриди баррасии ҷиддии мақомот хоҳад шуд», – зикр мегардад дар изҳороти созмони байнулмилалӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.