Боздошти 40 нафар тоҷикистониён дар фурудгоҳи Биково

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони тоҷик дар фурудгоҳи Биковоро муайян месозад. Тавре қаблан хабар дода будем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав рӯзи 11-уми август беш аз 400 нафар муҳоҷирони меҳнатии аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ омадаро боздошт карданд. Дар ВАО шумори гуногуни муҳоҷирон ва фарзияҳои […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони тоҷик дар фурудгоҳи Биковоро муайян месозад.

Тавре қаблан хабар дода будем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав рӯзи 11-уми август беш аз 400 нафар муҳоҷирони меҳнатии аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ омадаро боздошт карданд. Дар ВАО шумори гуногуни муҳоҷирон ва фарзияҳои мухталифи ҳодисаи мазкур нашр шуданд.

«Гурӯҳи фаврии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба макони ҳодиса рафта, амалҳои заруриро анҷом медиҳад», – гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар намояндагӣ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, аз миқдори умумии боздоштшудагон нисбати 50 нафар чораи истирдод андешида шуда, нисбат ба 180 нафар муҳоҷирон асноди зарурӣ таҳия ва онҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд.

«Аз 230 нафари боздоштшудагон, ки айни замон дар ШКД «Биково» қарор доранд, ҳудуди 40 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Айни замон кормандони мо дар ҳамрохӣ бо ҳамтоҳои русиягии худ ҷузъиёт ва ҳолатҳои ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додаанд», – хабар дод манбаъ.

Аз намояндагии мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҷиҳати кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба шаҳрвандони тоҷике, ки дар асоси қонунӣ дар Русия қарор доштанду қонунгузорӣ дар бораи муҳоҷиратро вайрон накардаанд, нақшаи тарзи расонидани ёрӣ таҳия мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.