ҲСДТ: Афзоиши нархҳо дар Суғд ба роҳи пулакӣ вобаста аст

Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар меҳмонхонаи «Хесон»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, соҳибкорон ва намояндгони мақомоти давлатӣ шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он масъалаи болоравии қимати маводи ғизойӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар меҳмонхонаи «Хесон»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, соҳибкорон ва намояндгони мақомоти давлатӣ шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он масъалаи болоравии қимати маводи ғизойӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сабаби болоравии нархҳо ба роҳи пулакӣ ва безалтернативӣ, ки минтақаи ҷанубу шимолро мепайвандад, вобаста аст. Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, муносибат бо кишвари ҳамсоя хуб нест. Ба ақидаи вай, ришвахорӣ ва молик надоштани замин дар Тоҷикистон низ сабабгори болоравии нархҳо мешавад. «Аксаран замин моли онест, ки дар ҳокимият аст, вале дар замин деҳқони оддӣ кор мекунад. Мутаассифона, ҳам қимати маводи ғизойии воридотӣ ва ҳам дохилӣ афзуд. Афзоиши қимати маҳсулоти воридотиро фаҳмидан мумкин аст, зеро нархи бензин, боҷи содиротӣ дар роҳи оҳан зиёд шуд, – мегӯяд ӯ. – Вале боло рафтани маводи ғизойии истеҳсоли дохили кишвар шубҳаовар аст. Вақте нархи маҳсулот боло меравад, давлат бояд чора андешад, аз ҷумла ба ҳаҷми музди меҳнат маблағи иловагӣ зам намояд. Дар кишвар ҳатто қонун дар бораи индексатсия қабул шудааст, вале он амал намекунад. Замин бояд ба деҳқон дода шуда, мустақилона дар он фаъолият кардани ӯ таъмин гардад».

Раиси созмони ҷамъиятии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд Абдуғанӣ Почоев бар ин назар аст, ки вазъи нархҳо мӯътадил аст. Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл дар мулоқот бо фурӯшандагону соҳибкорон аз онҳо дархост шудааст, ки дар моҳи Рамазон нарҳоро боло набаранд. «Дар даҳ рӯзи моҳи Рамазон нархҳо дар бозори «Панҷшанбе» зиёд нашудаанд», – зикр кард Почоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.