Боздошти директори филиали «Ориёнбонк» ба гумони қаллобӣ

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ директори филиали «Ориёнбонк»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Файзмаҳмад Зоҳировро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, боздоштшуда ба боварии як зани сокини пойтахт даромада, барои гирифтани қарз дар бонки дигар бо […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ директори филиали «Ориёнбонк»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Файзмаҳмад Зоҳировро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, боздоштшуда ба боварии як зани сокини пойтахт даромада, барои гирифтани қарз дар бонки дигар бо роҳи фиреб ҳуҷҷатҳои манзили зисти ӯро гирифтааст.

«Ӯ ин ҳуҷҷатҳоро ба гарав гузошта, аз филиали «Бонки рушди Тоҷикистон» дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳаҷми 110 ҳазор доллари ИМА қарз мегирад ва онро барои эҳтиёҷоти худ масраф месозад», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, Файзмаҳмад Зоҳиров рӯзи 11-уми августи соли равон боздошт шудааст.

Ёдрас мекнем, ки тайи ду моҳи ахир ин дуввумин ҳодисаи боздошти кормандони «Ориёнбонк» мебошад. Қаблан роҳбари филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов боздошт шуда буд. Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки Сафармад Рустамов ба гумони авбошӣ боздошт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.