Вазорати нақлиёт: Нақби «Истиқлол» алҳол баста намешавад

Фирӯз Умарзода

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, ки минтақаи ҷанубу шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, алҳол манъ карда намешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба гуфтаи муовини сардори Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи вазорати мазкур Абдулмаҷид Шарипов, корҳо дар нақб ба […]

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, ки минтақаи ҷанубу шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, алҳол манъ карда намешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи муовини сардори Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи вазорати мазкур Абдулмаҷид Шарипов, корҳо дар нақб ба таври мукаррарӣ идома дошта, нақб алҳол баста намешавад.

«Дар бораи санаи мушаххаси манъи ҳаракати нақлиёт тавассути нақб Вазорати нақлиёт тариқи васоити ахбои умум аҳолиро огоҳ хоҳад сохт», – гуфт ӯ.

Қаблан Вазорати нақлиёт хабар дода буд, ки бинобар баргузории корҳои иловагӣ дар нақби «Истиқлол» аввалҳои моҳи август манъи ҳаракати нақлиёт тавассути он пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла зикр гардид буд, ки ширкати эронии «Sangob», ки сохтмони нақбро идома медиҳад, ба корҳои муҷаҳҳаз сохтани нақб бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун машғул хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, масъалаи сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони нақб ҳаллу фасл гардида, Тоҷикистону Эрон барои ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА аз ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд. То ахири соли равон пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.

 Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.