Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти ғайрирасмии СААД дар Остона

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остона сафар кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ҳамроҳӣ мекунад. Ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остона сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ҳамроҳӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар нишасти мазкур сарони кишварҳои узви созмон масоили марбут ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ дар доираи созмонро баррасӣ хоҳанд кард.

«Дар чаҳорчӯби ин сафар президенти Тоҷикистон шояд бо чанде аз сарони кишварҳои узви созмон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом диҳад», – гуфт манбаъ.

Номбурда таъкид кард, ки нишасти Остона ғайрирасмӣ буда, аз ин рӯ, дар он асноди расмӣ ба имзо намерасанд. «Аммо ташаббусҳои ба қадре назаррас қабл аз рӯйи коғаз омадан маҳз дар чунин нишастҳо баррасӣ мешаванд», – афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар нишаст ба ҷуз президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ҳамаи сарони кишварҳои узви созмон ширкат хоҳанд варзид.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.