Анҷоми чорабиниҳои махсус оид ба таъмини амният дар пойтахт

Аваз Юлдошев

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе чорабиниҳои махсуси таъмини амният оид ба ошкор сохтани афроди ғайриқонунӣ дар пойтахт иқоматдошта, риояи реҷаи шиносномавӣ ва азназаргузаронии таҳхонаву чердаки биноҳо, заминҳову мавзеъҳои бекорхобида ва биноҳои сохтмонаш нотамомро ба анҷом мерасонанд. Баргузории чорабиниҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аввали моҳи равон оғоз гардиданд. «Нимаи ҳафтаи […]

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе чорабиниҳои махсуси таъмини амният оид ба ошкор сохтани афроди ғайриқонунӣ дар пойтахт иқоматдошта, риояи реҷаи шиносномавӣ ва азназаргузаронии таҳхонаву чердаки биноҳо, заминҳову мавзеъҳои бекорхобида ва биноҳои сохтмонаш нотамомро ба анҷом мерасонанд.

Баргузории чорабиниҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аввали моҳи равон оғоз гардиданд. «Нимаи ҳафтаи равон аз баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ шуда, дар хусуси он ба дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод мегардад», – гуфт як манбаъ дар РКД-и пойтахт.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ин монанд чорабиниҳо ҳамасола пеш аз таҷлили ҷашни солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, вале бо назардошти он ки «моҳи сентябр дар Душанбе ҳамчунин нишасти навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ ва вохӯрии «чаҳоргонаи Душанбе» – сарони кишварҳои Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад, чорабиниҳо дар миқёси бештар васеътар доир гардиданд».

Ахири моҳи августи соли ҷорӣ сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба реҷаи низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар Тоҷикистон аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад. Ҷашнвора имсол бо унвони “Фурӯғи маърифат” доир шуда, давоми...

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...