Конфронси «Коҳиши хавфи офатҳо дар шаҳри Душанбе»-и Салиби Сурхи Олмон

Asia-Plus


Салиби Сурхи Олмон ва Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси муаррифӣ ва ифтитоҳи лоиҳаи нави “Коҳиши хавфи офатҳо дар ш.Душанбе”-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон маблағгузорӣ шудааст, баргузор намуд.

Тавре аз Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷиҳати иштирок намудан дар конфронси мазкур нафарони зиёди манфиатдор, аз ҷумла намояндагони баландмақом аз ҳукумати шаҳри Душанбе ҷаноби  Насрулло Хайруллоев, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе;  аз Сафоратхонаи Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон – ҷаноби Паскал Рихтер, муовини сарвари намояндагӣ;  аз Кумитаи Байнулмиллалии Салиби Сурх (КБСС) – хонум Дебора Шмара, какили ҳамкорихои КБСС;  аз Федератсияи Байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБССҲА) – хонум Рафоат Болтабоева, менеҷери молияи ФБССҲА;  намояндагони Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Ҳолланд, Салиби Сурхи Финландия ва Салиби Сурхи Амрико;  аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) – подполковник Рустам Сулаймонов, муовини сардори Раёсати омодасозии наҷотдиҳандагон; полковник Муҳаммадчон Кенҷаев, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ш.Душанбе;  президенти ҶҲАТ – ҷаноби Ғиёсиддин Мироҷов; аз Институти Сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовари Академияи илмҳои Тоҷикистон (ИССЗТ) – ҷаноби Фаршед Каримов, сарвари лабораторияи санҷишҳои сейсмологӣ;  аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе – хонум Гулнора Бобоева; раисони панҷ кумитаҳои маҳаллӣ ва сарварони панҷ мактабҳои таҳсилоти миёнаи зери лоиҳа қароргирфташуда, ҳамчунин дигар шарикони ҳамкор ва тарафҳои манфиатдор ҷамъ омаданд.

 Лоиҳа панҷ маҳаллаҳои аҳолинишинро, ки дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт, яъне қисмати шимолу-шарқии шаҳри Душанбе, ҷой гирифтаанд, зери ҳадафи худ қарор додааст. Ин минтақаҳо пас аз гуфтушунид ва маслиҳат бо мутахассисони ИССЗТ ва КҲФ МГ, ҳамчунин намояндагони мақомотҳои иҷроия, бо назардошти ҷойгиршавии ин мавзеъҳо дар минтақаҳои хавфноки ба офатҳои табиӣ осебпазир, аз ҷумла хатарҳои сейсмикӣ ва дигар хавфҳо ба мисли селу обхезӣ ва ярчҳо интихоб шудаанд.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани устуворӣ ва пурзӯр кардани иқтидори аҳолиҳои панҷ маҳаллаҳо ва мактабҳо мебошад, то ки онҳо дар мавриди рух додани офатҳои табиӣ, махсусан заминларзаҳо омодагии хуб дошта бошанд.   Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ лоиҳа аз воситаҳои иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳаматарафа дар самти коҳиши хавфи офатҳо дар сатҳи маҳал ва мактабҳо истифода менамояд.

Маблағгузории лоиҳаро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон якҷоя ба зимма гирифтаанд ва барои иҷрои он Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе масъул мебошад. Мӯҳлати иҷрои лоиҳа 18 моҳ, – яъне то охири соли 2012-ум аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...