Мавриди шиканҷа қарор гирифтани хабарнигори Би-Би-Сӣ

Олга Тутубалина

Хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки ӯро рӯзҳои нахусти боздошт мавриди шиканҷа қарор доданд. Муддати ду моҳ ӯ дар ин бора сухане ба забон наовардааст, зеро ҳарос доштааст. Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ Ӯрунбой Усмонов гуфт, нисбат ба ӯ шиканҷа истифода шудааст. Ба гуфтаи адвокати айбдоршаванда Файзинисо Воҳидова, ӯ дар оғози мурофиа […]


Хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов изҳор кард, ки ӯро рӯзҳои нахусти боздошт мавриди шиканҷа қарор доданд. Муддати ду моҳ ӯ дар ин бора сухане ба забон наовардааст, зеро ҳарос доштааст.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ Ӯрунбой Усмонов гуфт, нисбат ба ӯ шиканҷа истифода шудааст. Ба гуфтаи адвокати айбдоршаванда Файзинисо Воҳидова, ӯ дар оғози мурофиа аллакйа огоҳ буд, ки зерҳимояи ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, «вале бо дархости зерҳимояаш ӯ дар ин хусус ҳарфе нагуфтааст». «Усмоновро тарсонидаанд ва ӯ маро низ аз ин кор манъ кард, зеро ҳарос дошт, ки аз ин ҳам бадтар мешавад, вале рӯзи панҷшанбе қарор дод, ки худаш аз ин хусус додрасро огоҳ созад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ф. Воҳидова, Усмонов маҳз дар замони фосилаи вақте ки як шабонарӯзи дар боздошт қарор доштани Усмонов дар парванда дарҷ наёфтааст, мавриди шиканҷа (хомӯш кардани сигарет дар даст ва латукӯб) қарор гирифтааст. «Ӯро 13 июн боздошт намуда, муддати як шабонарӯз дар тавқифгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигоҳ доштанд, вале айбномаро рӯзи 15-уми июн пешниҳод карданд», – мегӯяд вай.

Ф. Воҳидова мегӯяд,  ӯ дархост намудааст, ки кормандони фаврӣ ва муфаттиши масъули ин қазияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар вилояти Суғд ва ҳамчунин додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Улуғбек Мустафоқулов, ки мебоист пайи шиканҷаҳои Усмоновро медид, ба сифати шоҳидон бозпурсӣ шаванд. «Дар абрӯвони Усмонов ҷароҳати кушод ва пайи сӯхтагиҳо дар дастонаш аён буданд, вале додрас аз ӯ ҳатто напурсидааст, ки ин захмҳо аз куҷо пайдо шудаанд», – иброз дошт вай.

«Агар дар хотир дошта бошед, моҳи июн ҳангоми кофтукови манзили зисти Усмонов, ӯ ба наздикони худ изҳор карда буд, ки «агар кори имшаба кардаашонро имрӯз ҳам такрор намоянд, ман дигар сабр карда наметавонам, – идома дод адвокат. – Хабарнигор имрӯз низ аз гуфтани дар кадом ҳолатҳо ва аз ҷониби кӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш худдорӣ меварзад, зеро то ҳанӯз ҳарос дорад», – гуфт Воҳидова.

Адвокат ҳамчунин изҳор кард, ки рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта раиси мурофиаи додгоҳӣ додрас Шодихон Назаров ба ин изҳороти Усмонов ҳеҷ таваҷҷӯҳе зоҳир насохтааст.

Рӯзи дигар, 19-уми август, мақомоти раҳбарии хабаргузории Би-Би-Сӣ изҳоротеро интишор намуд, ки дар он истифодаи шиканҷа нисбат ба Ӯрунбой Усмонов маҳкум карда мешавад. Ояндаи наздик созмони «Хабарнигорони бидуни марз» низ чунин изҳорот пахш карданианд.

Хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардид. Ӯ дар ҳамкорӣ бо фаъолияти созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешавад. Пас аз як моҳи боздошт ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави маҳалли зист аз маҳбас озод карда шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.