Бурси навбатии ҳукумати Ҷопон баҳри таъмири бемористони ноҳияи Файзобод

Душанбе. 22-юми август. «Азия-Плюс» — Ахири ҳафтаи гузашта сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма ва раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов созишномаи бурсӣ ба маблағи 11,3 ҳазор доллари ИМА-ро ба имзо расониданд. Ии маблағро ҳукумати Ҷопон барои таъмиру барқарорсозии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ҷудо кард. Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд,  намо ва қисмати […]

Asia-Plus

Душанбе. 22-юми август. «Азия-Плюс» — Ахири ҳафтаи гузашта сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма ва раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов созишномаи бурсӣ ба маблағи 11,3 ҳазор доллари ИМА-ро ба имзо расониданд. Ии маблағро ҳукумати Ҷопон барои таъмиру барқарорсозии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ҷудо кард.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд,  намо ва қисмати дохилии бинои беморхона, ки соли 1974 бунёд ёфтааст, соли 2010 баркарор карда шуданд, вале боми бино таъмир нашуда буд. «Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур боми бино пурра аз таъмир бароварда шуда, шӯъбаи ҷарроҳӣ бо ҳафт адад таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла электрокоагулятор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш ва мизи ҷарроҳӣ таъмин карда хоҳад шуд», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта ҳамчунин оид ба сохтмони мактаб дар ҷамоати «Иван тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ созишнома бурсӣ ба имзо расида, баҳри татбики он ҳукумати Ҷопон 111,6 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. «Айни замон толибилмони ҷамоати мазкур дар бинои кӯхнаи мактаб ба таҳсил фаро гирифта шуда, бинобар мавҷуд набудани мактаби пурраи таҳсилоти умумӣ, хонандагони синфҳои болоӣ дар мактаби ҳамсоядеҳа таҳсил мекунанд. Бо анҷоми татбиқи лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб бо шаш синф бунёд ардида, беш аз 250 нафар толибилмон ба муҳити хуби таълим дастрасӣ пайдо мекунанд», – афзуд манбаъ.

Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 271 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 19,8 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.