Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминро ба 1,5 ҳазор $ «фурӯхтанд»

Директори бойгонии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ришваситонӣ ва тақаллубкории аснод гумонбар дониста мешавад. Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли гузашта сокини 29-солаи бекори ҷамоати Унҷии ноҳияи мазкур Фаррух Султонов ба боварии се нафар сокинони ҷамоатҳои Усмон ва Унҷӣ даромада, ба онҳо ба маблағи 17,5 ҳазор доллари ИМА 0,18 га қитъаи […]


Директори бойгонии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ришваситонӣ ва тақаллубкории аснод гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли гузашта сокини 29-солаи бекори ҷамоати Унҷии ноҳияи мазкур Фаррух Султонов ба боварии се нафар сокинони ҷамоатҳои Усмон ва Унҷӣ даромада, ба онҳо ба маблағи 17,5 ҳазор доллари ИМА 0,18 га қитъаи замини ба ӯ тааллуқнадоштаро мефурӯшад.

Ахири моҳи июл соли гузашта Ф. Султонов ба директори бойгонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саидёқуб Темиров муроҷиат намуда, ба ивази 1,5 ҳазор доллари ИМА аз ӯ дархост мекунад, ки қитъаҳои замини ғайриқонунӣ фурӯхтаашро ба номи харидорон расман ҳуҷҷатгузорӣ намояд.

Дар таърихи 18-уми августи соли равон додситонии ноҳия мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ нисбат ба директори бойгонӣ ва шаҳрванд Ф. Султонов парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва феълан корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, тайи 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 30 ҳодисаи қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2010 – 20 ҳодиса) ва 22 далели ришваситонии шахсони мансабдор (соли 2010 – 22 далел) ба қайд гирифта шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.