Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо сарвари ҳайати коммунистони Чин

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров як ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии узви доимии Кумитаи Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой, дабири Кумитаи марказӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, мудири Шӯъбаи муносиботи байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой ҷаноби Чжоу Юнканро ба ҳузур пазируфт.  Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров як ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии узви доимии Кумитаи Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой, дабири Кумитаи марказӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, мудири Шӯъбаи муносиботи байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой ҷаноби Чжоу Юнканро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, раиси Маҷлиси намояндагон қабл аз баррасии масъалаҳои байнидавлатии ду кишвар ҳайати хитоиро бо таърихи парлумони Тоҷикистон шинос намуд. Сипас миёни ҷонибҳо мулоқоти судманд ҷараён гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров Чинрокишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, таъкид кард, ки имрӯзҳо байни Душанбе ва Пекин муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба манфиати халқу миллатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. «Ҷумҳурии Мардумии Чин дар миёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард», – гуфт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун кишварҳои минтақаи шарқӣ дорои муштаракоти зиёд дар заминаҳои мухталиф ҳастанд ва барои ошноии бештари мардум ва миллати ду ҷумҳурӣ бо ин муштаракот бояд ҳайатҳои соҳаҳои гуногуни кишварҳои мо ба мамлакатҳои якдигар бештар сафар намоянд.

Дар мулоқот бештар ба се масъала, таъмини амнияти марзӣ, тақвияти ҳамкориҳои энергетикӣ ва баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Шукурҷон Зуҳуров аз таҷрибаи ҷониби Ҷин дар мавриди сохта ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурд ва бузурги барқӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифода намудани чунин таҷрибаи нодир тамоми имконот мавҷуд аст ва ҷониби Тоҷикистон барои густариши муносибот бо кишвари дӯст ва ҳамсояи неки Чин дар ин арса алоқаманд мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки байни Тоҷикистон ва Чин бояд дар баробари мавҷуд будани роҳи заминӣ, ҳамчунин роҳи оҳан низ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Дар ин самт низ ҳайати Чин алоқамандии кишвари худро ба таври комил баён дошта, барои амалӣ шудани ин пружа омодагии хешро иброз дошт.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати Чин ҷаноби Чжоу Юнкан низ аз талошҳои ҷониби Тоҷикистон дар заминаи амалӣ намудани ин ҳадафҳо ва дар ин росто барои таъмини рушди устувори иқтисодии он ҷонибдории кишвари худро эълон кард.

Номбурда изҳор кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин Тоҷикистонро яке аз наздиктарин ҳамсояҳои худ ҳисобида, ҳамеша барои тақвияти муносибот бо ин кишвари дӯст аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки байни Тоҷикистон ва Чин то кунун беш аз 150 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба заминаи муносиб фароҳам меоранд. Мубодилаи тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Хитой дар ҳоли афзоиш қарор дошта, то имрӯз зиёда аз 15 маротиба афзудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои ифлостарин ҳаво дар ҷаҳон қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.