Баррасии парвандаи равонпизишки порагир дар додгоҳи Қӯрғонтеппа

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба духтури равонпизишки Маркази бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон Узоқов Раҳмоналӣ ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол карда шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳикматулло Исматов, сардори шӯъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон иттилоъ дод, Узоқов зимни фаъолият дар вазифаи мудири шӯъбаи Маркази бемориҳои равонпизишкии […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба духтури равонпизишки Маркази бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон Узоқов Раҳмоналӣ ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳикматулло Исматов, сардори шӯъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон иттилоъ дод, Узоқов зимни фаъолият дар вазифаи мудири шӯъбаи Маркази бемориҳои равонпизишкии вилояти Хатлон, аз шаҳрванд М. барои нигоҳубини бародари бемораш 300 сомонӣ талаб кардааст.

Узоқов 30-юми июли соли ҷорӣ аз тарафи кормандони раёсати номбурда ҳангоми ситонидани маблағ дастгир гардида, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 (Гирифтани пора

)

оғоз карда шуд.

Ҳикматулло Исматов афзуд, ки айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, он ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.