Намояндаи сардори УБОП худро гунаҳкор намешуморад

Олга Тутубалина

Адвокати ҳафтавори «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қодировро муовини Додситони кулли ҷумҳурӣ Абдуқодир Муҳаммадиев ба ҳузур пазируфт. Ӯ ба адвокат хабар дод, ки ариза дар бораи дархости «эътирофи воқеъӣ будани таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ аз ҷониби Валихон Муллоев (намояндаи сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс») ба […]

Адвокати ҳафтавори «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қодировро муовини Додситони кулли ҷумҳурӣ Абдуқодир Муҳаммадиев ба ҳузур пазируфт.

Ӯ ба адвокат хабар дод, ки ариза дар бораи дархости «эътирофи воқеъӣ будани таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ аз ҷониби Валихон Муллоев (намояндаи сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс») ба Додситонии кулл расидааст.

Ба гуфтаи А Муҳаммадиев, шикояти мазкур ба раёсати назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва маводи нашъаовари додситонӣ супурда шуда, пас аз баррасии онҳо, ин масъала то рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, худи Валихон Муллоев ин иддаъоҳоро комилан рад сохта, гуфтааст, ин тӯҳмат аст ва ӯ ният дорад, ки бо аризаи даъвогии ҷавобӣ аз болои адвокатҳо ба Додситонии кулл муроҷиат намояд.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 18-уми август намояндагони газета Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов аризаи худро ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Дар ариза аз Додситонии кулл дархост карда шуд, ки далели таҳдиди ҷазои ҷисмонӣ додан ба адвокатҳо аз ҷониби А. Муллоев воқеъӣ эътироф карда шавад, зеро бо тақозои вазифа ӯ ба аслиҳа дастрасӣ дорад. Ҳамчунин дархост гардид, ки нисбат ба ин амали ӯ чораҳои дахлдор андешида шавад.

Полковник Валихон Муллоев ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ифои вазифа мекунад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон ҷазо додааст. ҳар яке беш аз 200 соат ба корҳои ҳатмӣ...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...