Шиносоии коммунистони Чин бо фаъолияти воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ

Аваз Юлдошев

Ҳайати Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин таҳти сарварии узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ҳизби мазкур Чжоу Юнкан, ки бо даъвати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 21-уми августи соли равон ба Тоҷикистон ташриф овард, дирӯз аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти шоликорони ноҳия аз наздик ошно гардид. Ба гуфтаи роҳбари шӯъбаи […]


Ҳайати Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин таҳти сарварии узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ҳизби мазкур Чжоу Юнкан, ки бо даъвати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 21-уми августи соли равон ба Тоҷикистон ташриф овард, дирӯз аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти шоликорони ноҳия аз наздик ошно гардид.

Ба гуфтаи роҳбари шӯъбаи таблиғот ва кор бо ВАО-и ҲХДТ Усмон Солеҳов, худи ҳамин рӯз ҳайати коммунистони Чин ба ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба таъмир ва хизматгузории роҳҳо шинос шуд.

Субҳи имрӯз ҳайати мазкур ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе гулчанбар гузошт. Имрӯз вохӯрии Чжоу Юнкан бо раисони ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ дар назар аст. Шоми имрӯз ҳайати коммунистони Чинро дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

«Дар ҷараёни сафар ҳайати мазкур бо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов, мақомоти раҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Академияи низомии Вазорати мудофиа низ гуфтушунид анҷом дода, бо фаъолияти воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ва як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин низ аз наздик ошно хоҳад гардид», – гуфт У.Солеҳов.

Номбурда афзуд, сафари ҳайати коммунистони Чин ба Тоҷикистон нимаи дуввуми рӯзи 23-юми август анҷом меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.