Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди назди меҳмонхонаи «Пойтахт» барқарор шуд

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди назди меҳмонхонаи «Пойтахт» ва мағозаи «Олами китоб»-и шаҳри Душанбе барқарор гардид. Роҳи мошингарди кӯчаи Айнӣ дар мавзеи сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба самти фурудгоҳ аз ҳар ду ҷониб боз карда шуд. Ба гуфтаи сардори раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт Саидшариф Анваров, сохтмони гузаргоҳҳо то ахири соли равон пурра ба анҷом […]

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди назди меҳмонхонаи «Пойтахт» ва мағозаи «Олами китоб»-и шаҳри Душанбе барқарор гардид.

Роҳи мошингарди кӯчаи Айнӣ дар мавзеи сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба самти фурудгоҳ аз ҳар ду ҷониб боз карда шуд. Ба гуфтаи сардори раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт Саидшариф Анваров, сохтмони гузаргоҳҳо то ахири соли равон пурра ба анҷом хоҳад расид.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.