Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо котиби кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Чин

Asia-Plus

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки беш аз 60% ҳаҷми умумии мубодилаи молу маҳсулоти Тоҷикистону […]


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки беш аз 60% ҳаҷми умумии мубодилаи молу маҳсулоти Тоҷикистону Чин бо Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури ин кишвари ҳамсоя рост меояд. Аз фаъолияти босамари ширкатҳои соҳибнуфузи ин минтақа чун Зи ҷин, Ти Би Эй ва Чайна глобал изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо ишора ба он, ки беш аз 70% табодули молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии баландкўҳи Кулма -Қаросу ҷараён мегирад, таъкид гардид, ки кори он бояд дар тамоми фаслҳои сол дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монда шавад.

Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ, маориф, сайёҳӣ ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки кишоварзони Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур метавонанд дар бахшҳои зироаткорӣ, боғутокпарварӣ, коркарди саноатии меваю сабзавот ва нахи пахтаю пила ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.