Суғд: Садамаи нақлиёт ҷони се танро рабуд

Мавлуда Рафиева

Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се нафар қурбон шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи «Опел Вектра», сокини ноҳияи Конибодом Дилшод Қодирови 35-сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой тахминан соатҳои 22:30 дақиқаи шаб дар километри 65-уми роҳ дар қаламрави ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи […]


Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се нафар қурбон шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи «Опел Вектра», сокини ноҳияи Конибодом Дилшод Қодирови 35-сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой тахминан соатҳои 22:30 дақиқаи шаб дар километри 65-уми роҳ дар қаламрави ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба автомашинаи дар канори рости роҳ истодаи ЗИЛ-130 бармехӯрад.

Дар натиҷа худи ронанда ва се нафар мусофирони он, ки сокинони ноҳияи Конибодом мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мунтақил гаштаанд.

Ба иттилои манбаъ, се тан мусофири дигари автомашина дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти шӯъбаи БДА-и РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 190 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 84 тан (ҳамин давраи соли гузашта – 64 нафар) ҳалок ва 198 нафар (соли 2010 – 226 тан) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.