Нигаронии Amnesty International аз тафтиш нашудани далелҳои шиканҷаи хабарнигори Би-Би-Сӣ

Наргис Ҳамробоева

Созмони афви байнулмилал (Amnesty International) аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳанӯз далелҳои нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов истифода гардидани шиканҷа ва тарзҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот, ки худи хабарнигор изҳор доштааст, мавриди санҷиш қарор нагирифтаанд . Дар изҳороти созмони мазкур гуфта мешавад, додрас то ба ҳол аз журналист ва чаҳор нафар гумонбаршудагон ба […]


Созмони афви байнулмилал (Amnesty International) аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳанӯз далелҳои нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов истифода гардидани шиканҷа ва тарзҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот, ки худи хабарнигор изҳор доштааст, мавриди санҷиш қарор нагирифтаанд

.

Дар изҳороти созмони мазкур гуфта мешавад, додрас то ба ҳол аз журналист ва чаҳор нафар гумонбаршудагон ба узвият дар созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир»-и ҳамроҳи ӯ буда напурсидааст, ки дар боздоштгоҳ бо онҳо чӣ гуна рафтор мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 25-уми август, дар боздоштгоҳи №2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласfи навбатии додгоҳӣ оид ба парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома меёбад.

Ӯрунбой Усмоновро то ҳанӯз дар робита доштан бо ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълоншудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар медонанд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати боз чаҳор нафар сокинони вилояти Суғд, ки ба узвият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» айбдор карда мешаванд, низ баррасӣ мешавад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари номбурда ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорони дафтари маскавии Би-Би-Сӣ, намояндагони Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» ширкат доранд.

Би-би-сӣ айбҳои ба Усмонов нисбатдодаро бепоя хонда, бар ин назар аст, ки ин иддаъоҳо ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар ҷумҳурӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоваранд.

Мақомоти раҳбарии Би-Би-Сӣ ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, ки вохӯрӣ ва мусоҳибаҳои анҷомдодаи Усмонов бо намояндагони созмонҳои гуногун бахше аз фаъолияти ҳар яке аз рӯзноманигори Би-би-Сӣ аст.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуда, расо як моҳ дар зиндон қарор дошт.

Рӯзноманигор 59-сола буда, тайи 10 соли ахир дар бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ фаъолият дорад. Ӯ мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ ва масоили диниро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он гузоришҳо омода мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.