Мусофирони хатсайри «Хуҷанд-Душанбе» пулҳояшонро бозпас мегиранд

Ба мусофирони хатсайри ҳавоии «Хуҷанд-Душанбе», ки рӯзи 23-юми август аз парвоз даст кашиданд, маблағи пурраи хариди билет бозпас баргардонида мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶДММ «Чартер хабар доданд, ҳавопаймои Ан-24-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 33 нафар мусофирон бояд соати 8:00-и субҳ аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе раҳсипор мешуд, аммо бинобар сабабҳои техникӣ […]


Ба мусофирони хатсайри ҳавоии «Хуҷанд-Душанбе», ки рӯзи 23-юми август аз парвоз даст кашиданд, маблағи пурраи хариди билет бозпас баргардонида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶДММ «Чартер хабар доданд, ҳавопаймои Ан-24-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 33 нафар мусофирон бояд соати 8:00-и субҳ аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе раҳсипор мешуд, аммо бинобар сабабҳои техникӣ парвози ҳавопаймо ба муддати 2 соати 20 дақиқа мавқуф гузошта шуд.

«Ҳангоми ба кор даровардани муҳаррик (двигатель) мушкилот пеш омад. Ҳашт нафар мусофирон аз парвоз даст кашиданд. Бо талаби аввали мусофирони аз парвоз дасткашида маблағи пулии хариди билети онҳо дар кассаҳои билетро дастраснамуда бидуни боздошти ҷарима бозпас баргардонида мешавад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Яке аз мусофирони аз парвоз дасткашида дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мушкилоти ҷойдоштаи ҳавопаймо пеш аз парвоз баръало аён буд, зеро муҳаррикро наметавонистанд ба ҳолати корӣ оранд. «Ба ман як корманди ҳайати ҳавопаймо маслиҳат дод, ки беҳтараш аз парвоз бо ин ҳавопаймо даст кашам. Шаш нафар мусофирон аз парвоз даст кашиданд ва мусофирони боқимонда чун илоҷи дигар надоштанд, ба парвоз розӣ шуданд», – гуфт зан.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати ҳавопайамоӣ мутаваққиф гузоштани парвози ҳавопайморо тасдиқ намуда, сабаби онро мушкилоти техникӣ унвон карданд. «Аммо муҳаррикҳои ҳавопаймо ҳатто ба кор дароварда шуда набуданд. Агар ҳатто заррае мушкилот бо муҳаррик мавҷуд мебуд, мо ҳавопайморо ҳеҷ ба парвоз иҷозат намедодем. Чун мушкилоти техникӣ бартараф шуд, ҳавопаймо ба Душанбе раҳсипор гардида, то нуқтаи таъин бидуни ҳеҷ мушкилоте фуруд омад», – гуфтанд дар ширкат.

Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Чартер» дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба хизматгузории техникии ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» машғул аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.