Лукашенко дар Душанбе созишномаи ифтитоҳи мактаби олиро ба имзо мерасонад

Миёнаҳои моҳи октябри соли равон президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар доираи сафар имзои 12 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат дар назар аст. «Ҷонибҳо сари лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии техникии Белорус дар […]


Миёнаҳои моҳи октябри соли равон президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар доираи сафар имзои 12 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат дар назар аст.

«Ҷонибҳо сари лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии техникии Белорус дар шаҳри Душанбе аллакай ба мувофиқа расиданд. Дар филиали мазкур омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои сохтмону энергетика ва дигар касбҳои зурурӣ барои иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ мешавад», – зикр кард манбаъ.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Белорус, айни замон дар макотиби олии Белорус зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. Аз ҷумла, ҳудуди 25 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Коллеҷи ҳавонавардии Минск ва дигар ҷавонони тоҷик дар риштаҳои техникиву гуманитарӣ ва тиббии мактабҳои олии ин кишвар таҳсили илм мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.