Имзои се санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз хадамот матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барномаи боздиди расмии меҳмони олимақом дар Қасри Миллат бо маросими истиқболи бошукўҳ оғоз ёфт.  Маҳмуди Аҳмадинажодро дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. […]

Asia-Plus

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз хадамот матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барномаи боздиди расмии меҳмони олимақом дар Қасри Миллат бо маросими истиқболи бошукўҳ оғоз ёфт.

 Маҳмуди Аҳмадинажодро дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

 Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом, тибқи талаботи протоколи давлоатӣ, бо саф кашидани ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасии мусиқӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузашти сарони давлатҳо аз назди қатори низомиён, бо нимтаъзим арзи эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони давлатҳо ҷараён гирифт.

 Баррасии масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

 Сарони ҳарду давлати ҳамзабон ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дўстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба, ки бар шарикии табиии стратегӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд.

 Таваҷҷуҳи асоси ба роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифт.

Аз омода гаштани навбати аввали нерўгоҳи обии Сангтўда -2 ва омодагии ҷониби Эрон ба иштирок дар бунёди дигар нерўгоҳҳои Тоҷикистон, хатти интиқоли нерўи барқ ва хатти об аз Тоҷиқистон ба Эрон ва пайвасти роҳҳои оҳани ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда бояд корхонаҳои зиёди муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон бунёд ёбанд.

 Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва сайёҳӣ низ аз мавзўъҳои асосии суҳбат буд.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон, иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ ва пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Эрон тавассути қаламрави ин кишвари ҳамсоя гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

 Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Эрон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

 Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

 Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати  Ҷумҳурии То?икистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба и?рои бозсозии нақби «Истиқлол» дар ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба имзо расид.

 Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба дурнамои муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Эрон баҳои баланд доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон