Ошӯбгарони маҳкумшуда ба президент муроҷиат карданианд

Ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба муддати 16-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд . Рӯзи 1-уми сентябр додгоҳи вилояти Хатлон шаҳрвандон Раҷабалӣ Ғафуров (с/т 1969, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, қаблан маҳкумшуда), Шамсиддин Ғуломов (с/т 1967, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), Икром Тӯрахонов (с/т 1968, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), […]

Сайраҳмон Назриев


Ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба муддати 16-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд

.

Рӯзи 1-уми сентябр додгоҳи вилояти Хатлон шаҳрвандон Раҷабалӣ Ғафуров (с/т 1969, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, қаблан маҳкумшуда), Шамсиддин Ғуломов (с/т 1967, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), Икром Тӯрахонов (с/т 1968, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), Саидқул Эшонқулов (с/т 1966, сокини шаҳри Душанбе), Умаралии Қурбонзода (с/т 1971, сокини ноҳияи Вахш), Ҳокимҷон Донаев (с/т 1970, қаблан маҳкумшуда) ва Қудратулло Қодиров (с/т 1969, қаблан маҳкумшуда)-ро ҳар кадомеро ба муддати 16 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Ба гуфтаи раисикунадаи мурофиаи мазкур додрас Тоҳир Ҳамзаев, дар асоси моддаи 13-и Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» мӯҳлати ҷазои ҳар кадоме аз онҳо 2-солӣ кам карда шудааст.

Адвокатҳои маҳкумшудагон ният доранд, ки шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоянд. Наздикону хешовандони маҳкумшудагон умедвор буданд, ки бо назардошти Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» онҳоро аз толори додгоҳ озод мекунанд.

Пас аз эълони ҳукм Т. Ҳамзаев зикр кард, ки на ҳамаи моддаҳое, ки ба айбдоршавандагон нисбат дода шуд, ба қонуни афв дохил мешаванд ва аз ин рӯ, нисбат ба онҳо танҳо моддаи 13-и ин қонун истифода шудааст.

Яке аз адвокатҳои маҳкумшудагон Абдураҳмон Тӯраев изҳор кард: «Мо бо қарори додгоҳ розӣ нашуда, шикояти кассатсионӣ пешниҳод мекунем, зеро аксари далел ва исботи онҳо на ҳангоми тафтишоти пешакӣ ва на зимни баррасии додгоҳӣ пурра санҷида нашудаанд. Зерҳимояи ман аз аввал то охир тасдиқ мекард, ки онҳоро бо роҳи фиреб ба гурӯҳ шомил кардаанд ва ҳангоме ки онҳо аз ҳадафи аслии гурӯҳ огоҳ шуда, онро тарк карданӣ мешаванд, онҳо ба ин роҳ намедиҳанд. Вақте имкони фирор даст додааст, онҳо нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба ватан баргаштанд. Муддати 13 сол ин шаҳрвандон дар Тоҷикистон оромона ва бо сулҳу салоҳ умр ба сар бурданд ва ҳатто чанде аз онҳо дар мақомоти қудратӣ ва мансабҳои роҳбарӣ ҳам ифои вазифа намуданд».

А. Тӯраев ҳамчунин иброз дошт, ки дар моддаи 21-и Қонун «Дар бораи афв» гуфта мешавад, шахсоне, ки аз рӯйи муқаррароти моддаи 12-и қонуни мазкур ҷиноят содир намудаанд, мавриди афв қарор намегиранд, ҳарчанд дар моддаи 10-и ҳамин қонун ҳамчунин зикр мегардад, ки шахсони дар рӯйдодҳои соли 1997 дар вилояти Суғд иштирокдошта бояд афв шаванд. «Мутаассифона, нисбат ба зерҳимояҳои мо мутобиқи моддаи 12-и Қонун «Дар бораи афв» айбнома эълон гардид», -афзуд номбурда.

Адвокатҳо ва наздикони маҳкумшудагон ҳамчунин ҷиҳати таҷдиди назари ҳукми мазкур ба Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ва президенти мамлакат низ муроҷиат карданианд.

03/09/2011 20:04

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.