Мулоқоти М. Убайдуллоев бо роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои ИДМ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии гуманитарии Федератсияи Русия ҷаноби Фарит Мухамедшинро, ки дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташариф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба […]


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии гуманитарии Федератсияи Русия ҷаноби Фарит Мухамедшинро, ки дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташариф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуманитарӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу маориф, таҳсилу зиёд намудани квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Федератсияи Русия, бозомӯзии кадрҳо, таъсиси мактабҳо бо таълими забони русӣ, курсҳои омӯзишӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқ ба талаботи ҷавобгӯи бозори меҳнат дар Федератсияи Русия ва таъминоти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар бо китобҳову дигар ашёҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни забони русиро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри расидан ба ин ҳадафҳои созанда саҳми марказҳои русии дар мамлакат таъсисёфтаро нек арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки потенсиали ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ дар доираи созишномаи мавҷудаи байниҳукуматӣ бовусъат сафарбар карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.