Ташрифи президенти Русия ба Тоҷикистон

Президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯз ӯ бо сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар нишасти «чаҳоргонаи Душанбе», ки дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид. Пас аз анҷоми кори нишасти мазкур сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон оғоз мегардад. Нахуст гуфтушуниди […]


Президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯз ӯ бо сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон дар нишасти «чаҳоргонаи Душанбе», ки дар қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.

Пас аз анҷоми кори нишасти мазкур сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон оғоз мегардад. Нахуст гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва сипас мулоқоти ҳайати васеъи ҷонибҳо доир мегардад.

Дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон имзои се санади ҳамкорӣ – Изҳороти муштараки сарони кишварҳо, Барномаи ҳамкории иқтисодии байни ҶТ ва РФ барои солҳои 2011 – 2014 ва Созишнома дар бораи ҳамкории марзӣ дар назар аст.

Президенти Русия ҳамчунин дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, низ ширкат хоҳад варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.