Бетартибиҳо пас аз анҷоми вохӯрии дастаҳои футболи «Шодмон» ва «Равшан»

Дар вохӯрии давраи навбатии чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол дастаи «Шодмон»-и Ҳисор дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро қабул кард. Ба гуфти шоҳидон, дастаи «Шодмон» бо ҳисоби 0:1 аз дастаи «Равшан» шикаст хӯрда, мухлисони аз довар норозӣ ба бетартибиҳои оммавӣ дар Ҳисор даст задаанд. Дар қисми аввали вохӯрӣ ба кӯлобиҳо муяссар шуд, ки ба дарвозаи […]


Дар вохӯрии давраи навбатии чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол дастаи «Шодмон»-и Ҳисор дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро қабул кард. Ба гуфти шоҳидон, дастаи «Шодмон» бо ҳисоби 0:1 аз дастаи «Равшан» шикаст хӯрда, мухлисони аз довар норозӣ ба бетартибиҳои оммавӣ дар Ҳисор даст задаанд.

Дар қисми аввали вохӯрӣ ба кӯлобиҳо муяссар шуд, ки ба дарвозаи дастаи мизбон як тӯб ворид созанд. Кӯшишҳои дастаи «Шодмон» барои баробар кардани ҳисоб ба ҳеҷ натиҷа нарасиданд. Аммо дар охири вохӯрӣ мухлисон бар ин назар буданд, ки довар барои вайрон кардани қоидаи бозӣ бояд ба дарвозаи «Равшан» зарбаи ҷаримавии 11-метра таъин кунад.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ мухлисон ба баклажкаву сангпартойӣ сӯйи доварон оғоз кардаанд, ки дар натиҷа яке аз доварону як мухлиси дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Ба кормандони милиса муяссар гардидааст, қисмате аз мухлисони норозиро аз варзишгоҳ ба берун бароранд, вале як қисмати дигари онҳо дар боғи начандон дуртар аз варзишгоҳ ҷамъ шудаанд.

Пас аз ин мухлисони дастаи «Шодмон» бо нидоҳои «Ҳисор, Ҳисор» сӯйи автовокзал роҳ пеш гирифтаанд. Аз назди автовокзал онҳоро кормандони милиса пароканда кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.