Тоҷикистон ба тайёр кардани кадрҳои низомии Афғонистон изҳори омодагӣ кард

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхонро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матботи сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории гуногунарсаи мутақобилан судманд баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду кишвар сурат гирифт. Аз омода шудани хатти интиқоли барқи Сангтўда-Қундуз-Пули Хумрӣ ва имкони оянда афзоиш додани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ карда шуд.

 Ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва зербиноии ду кишвар, татбиқи муваффақона ва босуръати барномаҳои бузурги ҳамкорӣ, аз ҷумла ба бунёди хаттҳои дигари интиқоли барқ ва роҳи оҳан изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

 Дар робита ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии Тоҷикистон ва омодагии онро ба иштироки фаъол дар татбиқи амалии нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим таъкид намуд.

 Рушду тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд. Омодагии Тоҷикистон барои идомаи омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон таъкид гардид.

 Густариш ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла омодагӣ ба  Наврўзи байналмилалии 2012 дар шаҳри Душанбе низ аз мавзўъҳои суҳбат буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...