Парлумони ҷавонони Тоҷикистон ба иҷлосияи навбатӣ омодагӣ мегирад

ASIA-Plus

Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе и ҷ лосияи навбатии Парлумони ҷ авонони То ҷ икистон баргузор мешавад. Ба гуфтаи Эраҷ Саодатсайров, корманди дастгоҳи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, т аваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, қисмати зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ба масъалаи ҳаёти ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар […]


Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе и


ҷ


лосияи навбатии Парлумони


ҷ


авонони То


ҷ


икистон баргузор мешавад.



Ба гуфтаи Эраҷ Саодатсайров, корманди дастгоҳи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон,

т

аваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, қисмати зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ба масъалаи ҳаёти ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар қисмате аз ин гуна барномаҳо Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон бевосита кушиш ба харҷ медиҳад, то маърифати шаҳрвандӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон, омӯзиши дақиқи системаи қонунгузории кишвар, принсипҳои асосӣ, қоидаву қонунҳои фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзу марҳилаҳои қабули қарору қонунҳо, рушди донишу малакаи мубоҳисаронии ҷавононро беҳбуд бахшад.

«Дар таърихи 28-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-и Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҷумҳурӣ дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ чаҳорумин иҷлосияи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, –  иттилоъ дод Эраҷ Саодатсайров. – Дар ҷаласаи мазкур вакилони ҷавон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, яъне вазъи соҳаи маорифи Тоҷикистон ва сабабҳои паст шудани сатҳи саводу маърифатнокиро баррасӣ намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар рушди маорифи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд».

Номбурда, ҳамчунин қайд кард, ки вакилони ҷавони Парлумон дар масъалаи сифати маориф дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои муҳим ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонони ҷумҳурӣ ба баррасии ин масъала мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон қарор қабул карда шуд, ки  моҳи ноябри соли ҷорӣ вакилон бояд бо ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ силсилаи вохӯриҳо анҷом дода, дар онҳо вазъи соҳаи маориф ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи онро баррасӣ кунанд. Ҳайати вакилон 63 нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.