Қатъи маблағгузории ИМА ба ЮНЕСКО

Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ба эътирофи Фаластин ҳамчун кишвари узви Созмон раъй дод. Тавре Марказии иттилооти СММ хабар медиҳад, ба ҷонибдории ин қарор 107 кишвар ва муқобил 14 давлат овоз дода, 52 кишвар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзидаанд. Миёни кишварҳое, ки дархости Фаластинро ба узвият дар созмони […]

ASIA-Plus


Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ба эътирофи Фаластин ҳамчун кишвари узви Созмон раъй дод.

Тавре Марказии иттилооти СММ хабар медиҳад, ба ҷонибдории ин қарор 107 кишвар ва муқобил 14 давлат овоз дода, 52 кишвар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзидаанд.

Миёни кишварҳое, ки дархости Фаластинро ба узвият дар созмони мазкур ҷонибдорӣ кардаанд, кишварҳое чун Русия, Фаронса, Норвегия, Люксембург, Испания, Юнон, Финландия, Туркия ва ғайра ҳузур доранд.

Давлатҳои Шветсия, Чехия, Олмон, Австралия, Канада, ИМА, Исроил ва ғайра муқобили ин қарор овоз додаанд.

Акнун барои ҳукми қонунӣ гирифтани узвияти давлати Фаластин дар ЮНЕСКО имзо ва тасдиқи Оинномаи ЮНЕСКО аз ҷониби Фаластин зарур аст. Оиннома дар бойгонии Британияи Кабир дар Лондон маҳфуз аст.

Ҳамин тариқ, пас аз қарори қабули Фаластин ба ҳайати ЮНЕСКО, шумори кишварҳои узви созмон то 195 адад расид.

Дар ҳамин ҳол, ОИ «Русская служба новостей» менависад, пас аз узви комилҳуқуқи ЮНСКО гардидани Фаластин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ ба ин созмонро қатъ месозанд. Дар ин бора намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд иттилоъ дода, зикр кардааст, ки ин тасмими СММ ба ҳадафҳои умумии ноил гардидан ба сулҳ дар Шарқи Наздик монеъа эҷод месозад.

То ахири моҳи ноябри соли равон ИМА ният дошт, ки ба фонди ЮНЕСКО 60 млн. доллари ИМА маблағ интиқол диҳад. Маблағҳои ҳаққи аъзогии ИМА аз панҷ як ҳиссаи буҷети созмонро ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки ИМА ва Исроил муқобили узвияти давлати Фаластин ба ЮНЕСКО буданд.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун зимни шарҳи тасмими мазкур гуфтааст, бо қабули чунин қарор дар масъалаи маблағгузории созмон мушкилот пеш хоҳанд омад, «вале ин қарори кишварҳои узви созмон аст ва ман ҳамчун дабири кулл бояд таваҷҷӯҳи аъзои СММ-ро ба ин масъала ҷалб созам».

Маъмурияти миллии Фаластин аз қабули қарор дар бораи узвияти комилҳуқуқи кишвар ба ЮНЕСКО изҳори хушунудӣ карда, онро гувоҳи ҳусни тафоҳум ва маъқул шуморидани сиёсати Фаластин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод кардааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.