ҲХДТ номзадии директори МТС-ро ба вакилӣ пешбарӣ кард

0
7
suhrobsharipov5


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, сиёсатшиноси варзида Сӯҳроб Шарифовро ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии № 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пешбарӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари созмони ноҳиявии ҲХДТ Абдуллохон Қаландаров хабар дод, шоми рӯзи сешанбе дар конфронси ташкилоти ҳизбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзадии Сӯҳроб Шарипов бо аксари овозҳо дастгирӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки онҳо аз ин ҳавзаи интихоботӣ номзадии вакили худро пешбарӣ намекунанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ чунин мавқеъ дорад.

Аввали ҳафтаи равон раиси Ҳизби сотсила-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват ба амал оварда шуд.

«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», – таъкид кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд. Интихоботи вакил ба санаи 18-уми декабр таъин шудааст. Пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи мазкур, ки рӯзи 19-уми октябр оғоз гардид, то 3-юми ноябр ва бақайдгирии онҳо то 19-уми ноябр идома меёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь