Курсҳои омӯзишии СММ барои сохторҳои қудратии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи ХАС\К22 «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии тавлиди Афғонистон тариқи хатсайри шимол ҷиҳати таҳкими иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-рухсатдиҳӣ ва ташкили идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» охири моҳи октябри соли равон дар АНМН барои афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои […]

ASIA-Plus


Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи ХАС\К22 «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи афюнии тавлиди Афғонистон тариқи хатсайри шимол ҷиҳати таҳкими иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-рухсатдиҳӣ ва ташкили идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» охири моҳи октябри соли равон дар АНМН барои афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон курсҳои ибтидоии панҷрӯза ташкил намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, мақсади асосии курсҳои мазкур баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омода намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ду кишвар ба сифати афсарон оид ба ҳамкориҳои марзӣ ҷиҳати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ин лоиҳа барои таъсиси ду идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ дар ду нуқтаи назоратӣ-рухсатдиҳӣ (Фотеҳобод – Ойбек ва Дӯстӣ – Сариосиё) дар сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон барои мубориза бо мухаддирот тариқи хатсайри шимол равона гардидааст.

Маврид  ба ёдоварист, ки  ба «Идораҳо оид ба ҳамкориҳои марзӣ» (ИҲМ) кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.